Ноябр 30, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Толибон дар Доҳа бо сафири ҷадиди Эрон дар Қатар дидор кард
    Ҳайати Толибон дар Доҳа бо сафири ҷадиди Эрон дар Қатар дидор кард

Шуморе аз аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа бо сафири Эрон дар Қатар дидор карданд.

Ба гузориши ИРНА, Сафорати Эрон дар Қатар дар твите навишт: “Ҳайате аз дафтари сиёсии Толибон бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Доҳа, зимни арзи таслият ба муносибати террори Муҳсини Фахризода, донишманди мумтози ҳастаии Эрон, барои сафири ҷадиди Эрон дар Қатар орзӯи муваффақият карданд”.

  • Ҳамиди Деҳқонӣ ҳафтаи гузашта маъмурияти худро ба унвони сафири Эрон дар Қатар оғоз кард.

Аносури террористии мусаллаҳ рӯзи ҷумъаи 27 ноябр мошини Муҳсини Фахризода, донишманди санъати ҳастаӣ ва  раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро мавриди ҳамла қарор доданд ва ӯро ба шаҳодат расонданд.

Бисёре аз кишварҳо, созмонҳо ва шахсиятҳо ин иқдоми ноҷавонмардонаро маҳкум кардаанд.

 

Бештар бихонед: