Декабр 05, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маргу мирҳои коронаӣ дар Эрон ба 15-умин рӯз расид
    Коҳиши маргу мирҳои коронаӣ дар Эрон ба 15-умин рӯз расид

Дар маҳдудиятҳои коронаӣ дар Эрон шохиси маргу мирҳо бар асари ибтило ба корона барои 15-умин рӯзи пай дар пай дар ин кишвар раванди нузулӣ ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт  ва дармони Эрон , дар 24 соати гузашта 321 нафар аз беморони Ковид-19  дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар ин кишвар ба 50 ҳазору 16 нафар расидааст.

Дар шабонарӯзи гузашта 12 ҳазору 151 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ҳазору 562 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 28 ҳазору 986 нафар расидааст.

Ҳамчунин токунун 719 ҳазору 708 нафар аз беморони беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 66 миллион нафар расидааст, ки ва ин теъдод дастикам як миллиону 526 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 46 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп