Декабр 09, 2020 16:28 Asia/Dushanbe

Як хирси қаҳваранг ва ду тулааш, ки дар як ҳавзи кишоварзӣ дар монда буданд бо талоши муҳитбонон наҷот ёфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, муҳитбонон ва нерӯҳои сипоҳи минтақа ба муддати ду рӯз барои ин хирсҳои гирифтор, об, ғизо ва мева медоданд.

Онҳо барои наҷот додани ин хирси модар ва бачаҳояш чанд тахта чӯб ва халтаҳои пур аз каҳ дар ҳавз қарор доданд ва роҳи фирор дуруст карданд, аммо хирсҳо ба сабаби тарс аз инсонҳо ва эҳсоси ноамнӣ берун намеомаданд.

Саранҷом хирси қаҳваранги бузург ва бачаҳояш шабона аз ин ҳавз фирор карданд ва наҷот ёфтанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп