Декабр 11, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳеч кас наметавонад дар бораи Озарбойҷони азизи мо суҳбат кунад
    Зариф: Ҳеч кас наметавонад дар бораи Озарбойҷони азизи мо суҳбат кунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба изҳороти раиси ҷумҳурии Туркия дар Бокӯ навишт: Ҳеч кас наметавонад дар бораи Озарбойҷони азизи мо суҳбат кунад.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, ки рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар маросими паради низомии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ба муносибати озодии манотиқи ишғолшудаи ин кишвар ба Бокӯ сафар карда буд, дар ҳузури Илҳом Алинв, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон байте аз як шеъри ҷудоиталабона дар бораи рӯди Арас дар марзи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷонро хонд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти раиси ҷумҳурии Туркия дар твитте навишт: “Ба Эрдуғон нагуфта буданд, шеъре, ки ба ғалат дар Бокӯ хонд, марбут ба ҷудоии қаҳрӣ (иҷборӣ)-и манотиқи шимолии Арас аз сарзамини модариашон Эрон аст!”.

Зариф дар ин твит бо тарҳи ин суол, ки оё Эрдуғон намедонист алайҳи ҳокимияти ҷумҳурии Озарбойҷон сухан гуфтааст, таъкид кард, ки ҳеч кас наметавонад дар бораи Озарбойҷони азизи мо суҳбат кунад.

Эрдуғон дар шеъре ба забони туркӣ гуфтааст: “Арасро ҷудо карданд ва онро бо милаву санг пур карданд/ Ман аз ту ҷудо намешудам, ба зӯр ҷудоямон карданд”.

Ин шеър яке аз намодҳои ҷудоиталабии пантуркистҳо аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп