Декабр 14, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Урдуи тимҳои миллии футболи ҷавонон ва навҷавонони Эрон охирҳои моҳи декабр дар Тоҷикистон баргузор мешавад
    Урдуи тимҳои миллии футболи ҷавонон ва навҷавонони Эрон охирҳои моҳи декабр дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Тимҳои миллии футболи ҷавонон ва навҷавонони Эрон чор мусобиқаи тадорукотӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии федератсияи футбол, раиси комитети ҷавонони Федератсияи футболи Эрон Миршоди Моҷдӣ дар бораи вазъияти урдуи тимҳои футболи пояи ин кишвар гуфт: «Хушбахтона бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Федератсияи футбол, барномаи сафари тимҳои навҷавонон ва ҷавонон ба Тоҷикистон қатъӣ шуд ва дар як урдуи муштараки бисёр муфид чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ дар пеш хоҳем дошт.»

Ба гуфтаи Моҷдӣ, тимҳои миллии ҷавонону навҷавонони Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Тими футболи навҷавонони Эрон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе ба масофи тими миллии навҷавонон Тоҷикистон меравад ва тими миллии футболи ҷавонони Эрон низ рӯзҳои 24 ва 27 декабр баробари тими миллии ҷавонони Тоҷикистони қарор мегирад.

Тимҳои миллии футболи навҷавонону ҷавонони Эрон худро барои рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии ҷоми ҷаҳониро дорад омода мекунанд.

Барчасп