Раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи миллии Қазоқистонро табрик гуфт
(last modified Wed, 16 Dec 2020 10:29:38 GMT )
Декабр 16, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Табрики Руҳонӣ ба Токаев ба муносибати рӯзи Истиқлолият
    Табрики Руҳонӣ ба Токаев ба муносибати рӯзи Истиқлолият

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики фаро расидани рӯзи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози умедворӣ кард бо ҳамкории муштарак ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуд, муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ҳарчӣ бештар тақвият шавад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбе пойгоҳи иттилорасонии раёсати ҷумҳурӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҳасан Руҳонӣ» дар паёме ба  раиси Ҷумҳурии Қазоқистон «Қосим Ҷомарт Токаев»  бо табрики самимона рӯзи миллии ин кишвар ба давлат ва миллати Қазоқистон афзуд: дар солҳои гузашта равобити фимобайн дар ростои алоқа ва манофеи ду миллат, тавсеа ва таъмиқ пайдо кардааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷиҳати таҳкими субот ва амнияти минтақаӣ ва ҳамбастагии исломӣ, масъулият ва манофеи муштараке доранд, ройзаниҳои мустамари ду кишвар дар сутуҳи мухталифро зарурӣ донист.

Қазоқистони 16 декабри 1991 аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ эъломи истиқлол кард.

Бештар бихонед: