Декабр 20, 2020 21:51 Asia/Dushanbe
  • Зеландияи Нав террори шаҳид Фахризодаро маҳкум кард
    Зеландияи Нав террори шаҳид Фахризодаро маҳкум кард

Вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав дар номае ба ҳамтои эрониаш террори Муҳсин Фахризода, донишманди маъруфи эрониро маҳкум кард.

Вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав "Наная Маҳута" дар як номаи расмӣ ба вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф нигаронии амиқи давлати Зеландияи Навро эъмоли хушунат, бахусус алайҳи шаҳрвандони ғайринизомӣ эълом кард.

Вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав дар ин нома равобити дуҷониба бо Эронро муҳим, гарм ва мустаҳкам арзёбӣ карда, хостори густариши ҳамкориҳои ду кишвар шудааст.