Декабр 22, 2020 17:56 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон мизбони мушовири амнияти миллии Афғонистон буд.

Ба гузориши Идораи кулли итилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон дар Теҳрон гуфт: “Ҳимояти Теҳрон аз Кобул сиёсати усулии Ҷумҳурии исломии Эрон аст”.

Зариф ҳамчунин бар хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ аз Афғонистон таъкид кард ва гуфт: “Роҳи ҳалли фарогирии сиёсӣ бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои афғонистонӣ, беҳтарин тазмини сулҳи пойдор дар Афғонистон аст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати умқи бештар ёфтани ройзаниҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар сатҳҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард ва ифтитоҳи роҳи оҳани Хоф - Ҳиротро заминае барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар донист.

Ахбори марбут ба роҳи оҳани Хоф -Ҳиротро инҷо бихонед

Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҳам бо ироаи гузорише аз охирин таҳаввулоти марбут ба гуфтугӯҳои сулҳ, аз мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз давлат ва миллати Афғонистон қадрдонӣ кард.

Муҳиб ҳамчунин бо ишора ба ифтитоҳи роҳи оҳани Хоф - Ҳирот ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои минтақаӣ бо ин гуна хутути иртиботӣ тақвият шавад.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон имрӯз ҳамчунин бо Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидор кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп