Шиносоии 48 муттаҳам дар парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон гуфт, дар иртибот бо парвандаи сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ 48 муттаҳам шиносоӣ шуданд ва иқдомоти лозим барои таъқиби онҳо анҷом шудааст.
Ба гузориши ИРНА, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон афзуд, аз кишварҳое ки ба навъе дахилу даргир дар ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ буданд дархост шудааст, ки иттилооту мустанадотро дар ихтиёри дастгоҳи қазоии Эрон қарор диҳанд.
Боқирии Канӣ изҳор дошт: Бар асоси ахбору иттилооти расида, пойгоҳи амрикоиҳо мавсум ба «Ромштейн» дар Олмон дар табодули иттилоот миёни паҳподҳои амрикоӣ, ки дар ҷинояти террори шаҳид Сулаймонӣ даргир буданд,, дахил будааст.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашдушшаъби) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.
Бештар бихонед:
- Шиносоии 40 амрикоии дахил дар террори шаҳид Сулаймонӣ
- Абдулатиф Пидром: Террори сардор Сулаймонӣ ҷиноят зидди миллати Эрон буд
- Тренди ҳаштагҳои сардори Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис дар Ироқ