Сарпарасти вазорати хориҷаи Эрон: режиим саҳюнистӣ аз хатти қирмизи бузурги Эрон убур кардааст
(last modified 2024-08-04T04:34:15+00:00 )
Август 04, 2024 09:34 Asia/Dushanbe
  • Сарпарасти вазорати хориҷаи Эрон: режиим саҳюнистӣ аз хатти қирмизи бузурги Эрон убур кардааст

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки режими саҳюнистӣ бо ба шаҳодат расондани раиси дафтари сиёсии Ҳамос аз хатти қирмизи бузурги Ҷумҳурии Исломии Эрон убур кардааст, гуфт, посухи Эрон ба ин ҷиноят қотеъ хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, Алӣ Боқирии Канӣ шанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад Исҳоқ Дор, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Покистон дар бораи иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодати расондани Исмоил Ҳания, ки ба унвони меҳмон дар Теҳрон ҳузур дошт, табодули назар кард.

Боқирии Канӣ бо қадрдонӣ аз мавозеъи Покистон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, ба густариши доманаи ҷиноёти саҳюнистҳо ба Яман, Бейрут ва Теҳрон ва убури режими саҳюнистӣ аз хатти қирмизи бузурги Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора ва таъкид кард, ин иқдом ду паёмадро дар пай хоҳад дошт; Нахуст посухи қотеъи Эрон ба ин ҷиноят ва дигаре таъсири иқдомоти шаруронаи саҳюнистҳо дар бар ҳам задани субот ва амният ва буҳронафзоӣ дар минтақа, ки лозим аст, кишварҳои исломӣ ва минтақа дар муқобили он сокит нанишинанд.

Вай пешниҳод баргузории нишасти фавқулъодаи кишварҳои исломиро ироа кард ва аз Покистон дархост кард то зимни ҳимоят аз ин ибтикор, зарфияти худро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз истимрори иқдомоти ҷинояткоронаи саҳюнистҳо ба кор гирад.

Муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Покистон бо таъкид бар лузуми бедории уммати исломӣ дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ, таҷовузи террори Исмоил Ҳания дар Теҳронро нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва ҳокимияти Эрон донист.

 

Барчасп