Тазриқи аввалин ваксинаи коронаии эронӣ бо номи Ков Эрон Баракат + филм
(last modified Tue, 29 Dec 2020 10:06:33 GMT )
Декабр 29, 2020 15:06 Asia/Dushanbe

Нахустин ваксинаи корона сохти муҳаққиқони эронӣ бо тазриқ аз довталабон рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; марҳалаи аввали мутолиоти болинии нахустин ваксини коронаии Эронӣ бо номи ихтисосии «Ков Эрон баракат» бо тазриқи инсонӣ иҷро шуд.

Ҳуҷҷат Невмулкӣ, сухангӯи ситоди иҷроии фармони Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ ) Эрон, ки ин ваксина дар ширкатҳои зери маҷмӯаи ин ситод тавлид шудааст гуфт: бо касби муҷаввизи озмоиши инсонӣ имрӯз нахустин марҳалаи тазриқи ваксини Эронии корона  ба довталабон оғоз шуд.

Ба гуфтаи Некмулкӣ то кунун беш аз 65 ҳазор нафари довталаб озмоиши инсонии ваксинаи коронаии эронӣ шудаанд, ки дар марҳалаи нахусти озмоиш ба 56 нафар анҷом мешавад.

Ваксинаи Ковид-19 эронӣ рӯнамоӣ шуд

 

Бештар бихонед: