Декабр 30, 2020 18:15 Asia/Dushanbe

Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, дар афроде ки дар 24 соати гузашта ваксинаи коронаи эрониро дарёфт кардаанд, ҳеч аломати манфӣ мушоҳида нашудааст.

Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории ЭронПресс дар бораи ваксинаи эронии корона афзуд: Марҳалаи дувуми ин ваксина 14 рӯзи дигар ва сеюмин марҳала 28 рӯзи дигар тазриқ мешавад ва дар сурати мусбат шудани натоиҷи ношӣ аз тазриқ, ин ваксина баҳори соли оянда ба тавлиди анбӯҳ мерасад.

Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон изҳор дошт: Эрон дорои 100 таҷрибаву фанноварии пешзаминаи тавлиди ваксина аст ва донишмандони эронӣ дар ин замина эътимод ба нафси кофӣ доранд.

Тазриқи инсонии марҳалаи аввали мутолеоти болинии нахустин ваксинаи коронаи тавлидшуда дар гурӯҳи таҳқиқотии Ситоди иҷрои фармони ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ ) бо номи ихтисосии “Ков Эрон баракат” дирӯз (сешанбе) бо тазриқ бар рӯйи довталабон оғоз шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп