Шӯрои ҳукком аз тасмими Эрон барои ғанисозии 20 дарсадии уран огоҳ шуд
-
Эрон тасмими худ барои ғанисозии уран то 20 дарсадро ба ожонс эълом кардааст
Хабарнигори рӯзномаи амрикоӣ дар Аврупо гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ тасмими Ҷумҳурии Исломии Эрон барои оғози ғанисозии 20 дарсадиро ба итилои Шӯрои ҳуккоми ожонс расонда аст.
Лоуренс Норман, хабарнигори рӯзномаи амрикоии "The Wall Street Journal" дар Аврупо дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ эълом кард, рӯзи ҷумъа Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Шӯрои ҳукком итилоъ додааст, ки Эрон дар 31 декабри 2020 бо ирсоли номае тасмими худ барои ғанисозии уран то 20 дарсад дар таъсисоти Фурдуро мутобиқ бо мусаввабаи Маҷлиси Шӯрои Исломии ин кишвар ба ожонс эълом кардааст.
Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе аввали декабр куллиёт ва ҷузиёти тарҳи"иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон"-ро тасвиб кард.
Қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо шомили 9 мода аст, ки илзоми давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ғанисозии 20 дарсад, афзоиши захоири урани ғанишудаи Ҷумҳурии исломӣ ва баҳрагирии Созмони энержии атомии Эрон аз насли ҷадиди сентрифугаҳои IR2M ва IR6, аз ҷумлаи мавориди ин қонун аст.
Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом, дар сӯрати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад. Эрон таъкид кардааст, дар сӯрати рафъи таҳримҳо ва баҳрамандии ин кишвар аз манофеъи БарҶом, омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ аст.
Иттиҳоди Аврупо ва тройкаи аврупоӣ (Олмон,Британия ва Фаронса) баъд аз хурӯҷи ғайриқонӯнии Амрико аз БарҶом (8 май 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеъи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд, аммо токунӯн ҳеч муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъда дода шуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Тарҳи роҳбурдии Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои лағви таҳримҳо
- Тазриқи гази гексафториди уран ба сентрифуга, оғози марҳалаи тозае аз ғанисозӣ
- Баёнияи маҷлиси Эрон; Маҳкумияти қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ