Январ 02, 2021 11:25 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳур ва раиси маҷлиси Эрони даргузашти ин рӯҳонии олиқадрро таслият гуфтаанд
    Раисиҷумҳур ва раиси маҷлиси Эрони даргузашти ин рӯҳонии олиқадрро таслият гуфтаанд

Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ва раиси Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ(раҳ.) пас аз муддате таҳаммули беморӣ дар 85 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ муҷтаҳид, файласуф, муффасири Қуръон ва аз устодони ҳавзаи илмияи Қум аз ҳудӯди як моҳ қабл ба далели бемории гуворишӣ таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор дошт.

Раёсати муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имоми Хумайнӣ(раҳ.), узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, узвият дар Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, узвият дар Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва раёсати Шӯроии олии маҷмаи ҷаҳонии аҳлибайт аз ҷумлаи масъулиятҳое аст, ки дар савобиқи Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ мушоҳида ме‌шавад.

Вай осори мутааддиде дар бораи улуми исломӣ дар заминаҳое ҳамчун тафсир, фалсафа ва маорифи исломӣ дошт ва китобҳои« Омӯзиши фалсафа», « Ахлоқ дар Қуръон» ва «Назарияи сиёсии ислом», аз ҷумлаи осори ӯст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳур ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае даргузашти ин рӯҳонии олиқадрро таслият гуфтаанд.

 

Барчасп