Январ 03, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Алии Аскарӣ: шаҳид Қосими Сулаймонӣ мазҳари имон, тақво ва таваккул буд
    Алии Аскарӣ: шаҳид Қосими Сулаймонӣ мазҳари имон, тақво ва таваккул буд

Раиси Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, шаҳид сардор Сулаймонӣ чӣ замоне, ки дар дифои муқаддас ба унвони фармондеҳи шуҷоъ, муъмин ва мухлис талош кард ва чӣ замоне, ки ба унвони фармондеҳи нерӯи Қудс сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ мансуб шуд, иқдомоти роҳбурдӣ ва бузурге барои муқовимати исломӣ анҷом дод.

Абдулалӣ Алии Аскарӣ, раиси Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоиши илмии "расона ва мактаби Сулаймонӣ", ки дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва симо дар Теҳрон баргузор шуд, афзуд, сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ мазҳари имон, тақво ва таваккул буд ва умре дар мактаби имом ва раҳбарӣ талош кард.

Вай афзуд, сардор Сулаймонӣ ҳам муъмин буд ва ҳам бар ҳасби муқтазои имонаш амал мекард ва Худованд ин роҳро бар ӯ гушуд  ва ба ӯ ризқе бепоён дод.

Муовини бурунмарзии Садо ва симо: Сулаймонӣ илми Эрон ва инқилобро барафрошт

Паймони Ҷибилӣ, муовини бурӯнмарзии Садо ва симо ва раиси Кумитаи илмии ҳамоиши"расона ва мактаби Сулаймонӣ" низ гуфт, агар дар достони Карбало қиссаи аламдорро сина ба сина аз аҷдодамон шунидам, имрӯз Сулаймониро дарк кардем, ки алами Эрон ва инқилоб ва шарафу истиқлол ва зулмситезиро барафрошт ба аламдори даврон табдил шуд.

Ҷибилӣ афзуд, сардор Сулаймонӣ шуҷоат, шаҳомат, огоҳӣ, пешбинӣ ва оянданигарӣ дошт ва ин абъод аз назари расонаӣ бисёр қобили тавваҷуҳ аст.

Паймони Ҷибилӣ гуфт, расонаи миллӣ ба унвони фарогиртарин расонаи меҳвари муқовимат бо маъмуриятҳои дохилӣ ва байналмилалии вазифа ва ҳадафи худро дар заминаи муаррифии ҷанбаи расонаии мактаби Сулаймонӣ пазируфта аст.

 

 

 

 

 

 

Ҳамоиши илмии "расона ва мактаби Сулаймонӣ" бо ҳамкории донишгоҳи Садо ва симо ва ҷамъе аз чеҳраҳо ва шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии Эрон оғоз бакор кард.

Дар ин ҳамоиши ду рӯза, шахсиятҳои илмии кишвар дар арсаи расона ва дипломасии умумӣ зимни ироаи мақолоти худ дар бораи шахсият ва маниши ин сардори воломақоми ҷабҳаи ислом суханронӣ мекунанд.

Рӯнамоӣ аз китоби зиндагиномаи худнавишти шаҳид Қосими Сулаймонӣ бо унвони"аз чизе наметарсидам", зинат ёфта ба ёддошти раҳбари муъаззами инқилоб аз дигар барномаҳои ин ҳамоиш аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп