Январ 07, 2021 21:26 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ ба иттифоқоти шаби гузашта дар Амрико
    Вокуниши дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ ба иттифоқоти шаби гузашта дар Амрико

Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ дар вокуниш ба иттифоқоти ахири Амрико гуфт: Посухи афроде, ки дар Эрон аз музокира ва тавофуқ бо ин девона (Доналд Трамп) сухан мегуфтанд чист?

 «Алии Шамхонӣ»,  дабири Шӯроии Олии Амнияти миллии Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба иттифоқоти ахири Амрико дар Твиттер навишт: дар интихоботи 2016, саломати равонии «Доналд Трамп» мавриди савол воқеъ шуд; пас аз воқеаҳои Вашингтон ва бо ҳамон истидлол бархе сенаторҳо дархост карданд, ки бинобар мутаммими 25 қонуни асосӣ, Трамп барканор шавад.

Нишасти муштараки конгресси Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе барои шумориши раъйҳои гузинишгарон ва таъйиди пирӯзии «Ҷо Байден» баргузор шуд, пас аз 12 раъйи гузинишгарони ҳомии «Доналд Трамп », ба далели юриши шӯришиёни ҳомии Трамп барои ҳудуди 6 соат ба ҳолати таълиқ даромад.

Конгресс пас аз хуруҷи шӯришиён, ки бо ҳузури нерӯҳои горди миллии Амрико ва полиси федерол ба ҳолати оддӣ баргашт, нишасти худро дар соати 8 шаби чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ аз сар гирифт.

«Ҷо Байден» бархилофи талоши бархе тарафдорониТрамп дар конгресси Амрико, бо касби 306 раъйи гузинишгарон ба таври расмӣ ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳурии Амрико тайид шуд.

Дар даргириҳои сохтмони конгресси Амрико, токунун дастикам чаҳор нафар кушта шуданд.

 

Бештар бихонед:

Балое ки Трамп бар сари Амрико овард + филмҳо

Тасвирҳое аз Вашингтон, ки ҷаҳон фаромӯш нахоҳад кард

Барчасп