Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
Савуми ҷамодиюссонии солрӯзи шаҳодати нури дидаи Расули Худо (с), бонуи бонувони ду ҷаҳон ва гули сари сабади занони биҳиштӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳу алайҳо) аст.
Бонуи бузургворе, ки дар Қуръони карим аз эшон ба номи Кавсар, ба маънои хайру нек бисёр ёд шуда ва сураи “Кавсар” дар бораи вилодати эшон нозил шудааст, дар саросари зиндагии худ саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат, ибодати парвардигор ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилвагар карданд.
Духтари гаронқадри Расули Худо (с) ҳамчунин дар даврони кӯтоҳ, вале бобаракати умри худ, инсонҳои бузург ва таърихсозе ҳамчун Имом Ҳасан (раз.), Имом Ҳусейн (раз.) ва ҳазрати Зайнаб (раз.)-ро дар домонашон парвариш доданд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷимодиюссонии соли панҷуми биъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд ва аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падари бузургворашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ, ба ривояте, дар 13-уми ҷамодиюлаввал ва ба ривояте, дар савуми ҷамодиюссонии соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд, аммо улгӯи комилеро аз як зани мусалмон барои ҳама занони таърих ба мерос ниҳоданд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон ва сайти ParsToday солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро ба ҳама мусалмонон, бавижа занони мусалмон таслият мегӯяд.
бештар бихонед: