Январ 21, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Миёнҷигарии Қатар миёни Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс
    Миёнҷигарии Қатар миёни Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар асли гуфтугӯ ва эҳтиром ба ҳокимияту ҳусни ҳамсоядорӣ дар минтақа таъкид кардаву алоқамандии худро ба доштани равобити мантиқӣ, мутаносиб ва мутавозин бо ҳамаи ҳамсоягон иброз кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб бо таъкид бар ин дидгоҳ, дар твитте аз пешниҳоди вазири хориҷаи Қатар дар бораи гуфтугӯ миёни Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи ҷанубии халиҷи Форс истиқбол кард.

Зариф дар Твиттер навишт: “Эрон аз даъвати Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар барои гуфтугӯҳои фарогир дар минтақа истиқбол мекунад”.

Вазири хориҷаи Қатар ахиран аз омодагии кишвараш барои миёнҷигарӣ ҷиҳати баргузории нишасте миёни аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дода буд.

Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз ин низ кишварҳои минтақаро ба пайвастан ба гуфтугӯ ва эътилофсозӣ барои сулҳ даъват кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии соли 2019 Созмони Милал, ҳамаи кишварҳоеро ки аз таҳаввулоти халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз мутаассир мешаванд, ба эътилофи Умед, яъне Ибтикори Сулҳи Ҳурмуз (Hormoz Peace Endeavor) даъват кард.

Эътилофи Умед бар пояи усули муҳиме ҳамчун эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзӣ, ҳаллу фасли мусолиматомези тамоми ихтилофоту пойбандӣ ба ду асли бунёдини “адами таҷовуз” ва “адами дахолат дар умури дохилии якдигар” қарор дорад.

 Акнун низ твитти вазири умури хориҷаи Эрон нишон аз ҷиддияти Ҷумҳурии исломии Эрон ва аҳамият додан ба кишварҳои минтақа дар таъмини суботу амният дар минтақаи халиҷи Форс дорад.

Абдуллоҳ бин Солеҳ Боъбуд, пажӯҳишгари равобити байналмилал бар ин бовар аст, ки гуфтугӯ ва ҳамкории Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс метавонад сулҳу суботро барои минтақа ба армуғон овард ва доманаи ҳузури бегонагону мусобиқаи таслеҳотӣ дар минтақаро коҳиш диҳад.

Табиист, ки ҳифзи амният дар минтақа ниёз ба ҳузури бегонагон ва мусобиқаи доғи таслеҳотӣ надорад. Шаклгирии андешаи ҳамкорӣ дар бораи сарнавишти муштарак, вобаста ба доштани иродаву дур шудан аз иттиҳом заданҳо ва иддаосозиҳои норавшан аст.

Амрико ва режими саҳюнистӣ аз мавзӯи эронҳаросӣ ба унвони баҳона ва абзоре барои эҷоди буҳрон дар минтақа истифода кардаанд. Ин сиёсати мухарриб минтақаро ноамн кард ва терроризми дииширо дар минтақа густариш дод. Лашкаркашии Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа аммо на дар Афғонистон ва на дар Ироқ ва на дар халиҷи Форс натавонист амният барқарор кунад. Зеро ҳадафи онҳо ҳечгоҳ эҷоди амният ва мубориза бо терроризм набудааст. Трамп дар давраи раёсати ҷумҳурии худ дар ҳоле ки сарони кишварҳои арабиро «гови ширдеҳ» ‌хонд, бо талоши эронҳаросӣ ба дунболи фурӯши силоҳҳои амрикоӣ ва наҷоти ширкатҳои амрикоӣ аз варшикастагӣ буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон пештар низ 8 декабри 2020 дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер хитоб ба ҳамсоягони минтақаии халиҷи Форс навишта буд: «Ҳамсоягони азиз, чаро аз Иёлоти Муттаҳида ва се кишвари аврупоӣ мехоҳед дар музокирот бо Эрон ҳузур дошта бошед, дар ҳоле ки аввалан бо онҳо ҳеч музокирае дар хусуси минтақаи мо анҷом нахоҳад гирифт, чунки онҳо худ мушкили минтақа мо ҳастанд. Сониян, мо метавонем бидуни дахолати хориҷиҳо ба таври мустақим бо ҳам суҳбат кунем. Ибтикори Сулҳи Ҳурмуз (HOPE) ҳанӯз рӯйи миз аст».

Ин суханон ва навиштаҳо таъкид бар ин воқеият дорад, ки Эрон ҳамеша омодаи музокира бо ҳамсоягон будаву ҳаст. Тарҳҳое ҳамчун амнияти минтақаӣ 1986, маҷмаи гуфтугӯи минтақаӣ 2016 баёнгари ҳамин нукта аст ва минтақа акнун беш аз ҳар замон ба чунин тарҳҳову пешниҳодҳое ниёз дорад.

Истиқболи Ҷумҳурии исломии Эрон аз гуфтугӯ барои сулҳ, асосёфта бар асли чандҷонибагароӣ ва бовари тавонмандии кишварҳои минтақа барои кори ҷамъӣ ва ҳаракат дар масири сулҳсозӣ ва эҷоди амнияти пойдор барои ҳама аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп