Сабти камтарин шумори ҷон бохтагони корона дар Эрон дар 7 моҳи ахир
Камтарин теъдоди мавориди фавт аз Ковиди 19 дар Эрон тайи 7 моҳи ахир дар 24 соати гузашта сабт шуд.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе бо эъломи охирин омори мубталоёну ҷон бохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: « дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 207 бемори ҷадиди Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 495 нафар бистарӣ шуданд.»
Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: « бо фавти 69 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷони бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 294 нафар расид.»
Хонум Лорӣ афзуд: «маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 367 ҳазору 32 нафар расидааст, ки хушбахтона токунӯн як миллиону 158 ҳазору 475 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»
Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунӯн беш аз 98 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Фавти 75 нафари дигар дар Эрон аз корона
- Беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон