Январ 28, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба вазири хориҷаи Амрико : Шикасти ҳаддиаксарии Трампро аз ёд набаред

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ёдоварии инки Теҳрон бо вуҷуди нақзи Барҷом аз сӯи Амрико ба таъаҳҳудоти худ пойбанд монд, хитоб ба вазири хориҷаи ин кишвар гуфт : Ҳаргиз шикасти ҳаддиаксарии Трампро аз ёд набаред.

 Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зарифӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳисоби корбарии Тветтири худ бо ишора ба воқеъиятҳои барҷомӣ хитоб ба Энтони Блинкен-вазири хориҷаи Амрико навишт: Иёлоти муттаҳида Барҷомро нақз кард, роҳи интиқоли маводи ғизоӣ ва доруро барои эрониҳо баст ва пойбандон ба қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро мавриди танбеҳ қарор дод.

 Ӯ идома дод: Аммо Эрон дар муқобил дар тӯли муддати ин шармандагӣ ба Барҷом пойбанд монад ва танҳо тадобири ҷубронии аз қабл пешбини‌шударо  пиёда кард.

 Зариф бо тарҳи ин пурсиш, ки ҳоло чӣ касе бояд гоми нахустро бардорад, хитоб ба Блинкен ёдовар шуд: Ҳаргиз шикасти ҳаддиаксарии Трампро аз ёд набаред.

 Энтони Блинкен бомдоди имрӯз(панҷшанбе ) дар аввалин конфаронси хабарии худ ба унвони вазири хориҷаи Амрико , Эронро ба нақзи Барҷом муттаҳам кард.

 

Барчасп