Ваксинаи эронии корона вируси коронаи англисиро хунсо кард
Масъӯли гурӯҳи таҳқиқотии тавлиди ваксинаи эронии корона мавсум ба “Ков Эрон баракат” гуфт: “хун (плазма)-и довталабоне, ки ин ваксинро тазриқ кардаанд тавонист ба таври комил вируси ҷаҳишёфтаи коронаи англисиро хунсо кунад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, доктор Ҳасани Ҷалилӣ афзуд, Вазорати беҳдошти Эрон аз беморони мубтало ба вируси англисии корона, ки дар Эрон буданд, намунаеро дар ихтиёри гурӯҳи таҳқиқотӣ қарор доданд ва муҳаққиқони эронӣ барои анҷоми баррасиҳои илмии вирусро таксир карданд ва аз намунаи хуни се нафари аввале, ки ду доз ваксинаи “Ков Эрон баракат”-ро дарёфт карда буданд, озмоишҳо ва кантролҳо мутобиқи стандартҳо анҷом шуд.
Ин пажӯҳишгари эронӣ изофа кард, натоиҷи ин таҳқиқот нишон дод, ки хуни ин афрод ба таври комил метавонад вируси ҷаҳишёфтаи англисиро хунсо кунад.
Вай ёдовар шуд, ки қудрати сирояти вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ 70 дарсад бештар аз вируси роиҷи корона аст, аммо ҳануз мушаххас нест қудрати беморизои ин вирус чӣ тағйире кардааст.
Доктор Минӯ Муҳраз, мутахассиси нозир бар корозмоии болинии ваксинаи эронии корона низ бо таъйиди ин хабар гуфт, озмоишҳои марбут бар рӯи хуни 3 довталаби аввали ваксинаи “Ков Эрон баракат” анҷом ва вируси англисӣ ба таври комил хунсо шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД: