Қолибоф: Дар сафар ба Русия ҳомили паёми муҳимме ҳастам
Раиси маҷлис пас аз тарки Теҳрон ба мақсади Маскав гуфт: Яке аз иқдомоти муҳими сафар ба Русия он аст, ки дар ростои масоили стратегӣ ҳомили паёми муҳимме ҳастам.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Муҳаммадбоқири Қолибоф имрӯз ( якшанбе 19 баҳманмоҳи соли 99 ) пеш аз тарки Теҳрон ва қабл аз азимат ба Русия дар фурудгоҳи Меҳробод дар гуфтугӯи телевизиюнӣ дар ташреҳи сафари худ изҳор дошт: Даҳаи мубораки Фаҷрро ба миллати бузурги Эрон табрик ва таҳнияти мегӯем зимни ин ки имрӯзро ҳам ба ҳамаи шуҷоъони Нерӯи ҳавои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шуҳадоии ин нерӯ арзи таҳният дорад.
Вай афзуд: Сафари имрӯзи ман ба Маскав ба даъвати расмии раиси маҷлиси Думаи Русия анҷом мешавад. Раиси маҷлиси шӯроии исломӣ тасреҳ кард: Мақоми муаззами раҳбарӣ ҳамвора таъкид бар равобити роҳбурдӣ бо кишвари Русия доштанд ва ин таъкид мустамари ин авлавият барои мо вуҷуд дорад, ки аввалин сафарам ба Русия бо тавваҷӯҳ ба даъват сурат гирифта бошад. Қолибоф гуфт: Яке аз барҷастагиҳои ин сафар он аст, ки дар ростоии масоили роҳбурдӣ ҳомили паёми муҳимме дар ҳамин чорчӯб ҳастам. Раиси маҷлиси шӯроии исломӣ тасреҳ кард: Хурсанд ҳастам, ки бигӯям равобити байни Теҳрон ва Маскав дар ҳавзаи масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ, масоили дифоӣ ва амниятӣ, дар ҳавзаи масоили саноатӣ, технологӣ, илмӣ ва таълимӣ хеле мувофиқ ва хуб аст. Вай гуфт: Равобити дуҷониба махсусан равобити байни порлумонҳои Эрону Русия, ки комиссияи олии муштараки ду кишвар, ки ба раёсати руасоии ду маҷлис идора мешавад ва пайгирӣ мешавад тавониста ин равобитро умқ бабахшаду бисёр таъсиргузор бошад ва мунҷар ба тавсеъа ва таъмиқи равобити дуҷониба ва ҳатто равобити байналмилалӣ шудааст.
Қолибоф изофа кард: Миёни Эрон ва Русия дар соҳаи масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муштаракоти зиёде мавҷуданд; Ин умумиятҳои зиёде моро водор месозанд, ки ин дидгоҳи умумӣ ва имкониятҳои мавҷударо, ки ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мавҷуданд, дар ҳамоҳангии бештар ва дар самти сохторҳое, ки ба имкониятҳое, ки имрӯз мавҷуданд, бештар мувофиқ бошанд; Зеро ин ба манфиати муносибатҳои ду кишвар ва мардуми минтақа аст ва ба манфиати ҳаракатҳои сулҳи ҷаҳонӣ, мо метавонем пеш равем.
Бештар бихонед: