Тавсеаи равобити Эрон ва Ироқ дар ҳавзаи қазоӣ
(last modified Tue, 09 Feb 2021 09:12:56 GMT )
Феврал 09, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Равобити Эрон ва Ироқ дар ҳавзаи қазоӣ тавсеа меёбад
    Равобити Эрон ва Ироқ дар ҳавзаи қазоӣ тавсеа меёбад

Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон дар раъси ҳайатии қазоӣ ба Ироқ сафар кард.

Равобити Ироқ ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди ҳамаи коршиканиҳои дохиливу хориҷӣ, ки анҷом мешавад, раванди рӯ ба рушде дорад. Ин мавзуъ зимни ин ки аз ҳамсоягии ҷуғрофиёӣ нашъат мегирад, ношӣ аз мазҳабу фарҳанги муштараки ду кишвар низ ҳаст.

Александр Вендт, назарияпардози равобити байналмилал мегӯяд: “Анархия (зидди иқтидоргароӣ) он чизе аст, ки давлатҳо онро месозанд ва ҳувият нақши асосӣ дар равобити кишварҳо дорад”.  

Он чӣ дар равобити Ироқ ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар даврони пасосаддомӣ дида мешавад низ мисдоқе аз назарияи Вендт аст.

Эрон ва Ироқ бархурдор аз ҳувияти муштарак ва ҳамчунин эътимоди мутақобил талош мекунанд дар равобити худ бо дурӣ аз ҳар гуна рафторҳои таорузомез ва танишзо, ҳамкориро дар авлавият қарор диҳанд.

Фуод Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ чаҳоршанбеи гузашта сафаре ду рӯза ба Теҳрон дошта ва бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард. Торнамои Андешакадаи ироқии “Албаён” пас аз ин сафар дар таҳлиле навишт: “Ироқ наметавонад дар равобити худ аз Эрон фосила бигирад. Таърихи муосир собит кардааст, ки Эрон ба далели ҳамсоя будан бо Ироқ дар муқоиса бо Амрико бо Ироқ ҳамоҳангтар ва ҳамсӯтар аст. Эрону Ироқ дорои марзҳои муштарак ва яке аз қадимитарин тамаддунҳо ҳастанд. Ду кишвар аз назари фарҳангиву иҷтимоӣ дорои иштирокот зиёде ҳастанд. Бештари ҷамъияти ду кишвар шиа ва дорои ҳувияти динии муштараке ҳастанд. Солона беш аз 10 миллион нафар миёни Эрону Ироқ сафар мекунанд. Бисёре аз масъулон ва мардуми Ироқ эътироф мекунанд, ки Эрон дар муқоиса бо Амрико шарики қобил эътимоде аст”.

Акнун танҳо ба фосилаи чанд рӯз пас аз сафари Фуод Ҳусайн ба Теҳрон, оятуллоҳ Раисӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба Ироқ сафар кардааст. Сафари Раисӣ ба Ироқ дар посух ба сафари соли гузаштаи Фоиқ Зайдон, раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ ба Теҳрон ва ҳамчунин бино ба даъвати расмии Фоиқ Зайдон анҷом мешавад.

 

 Аҳдофи сафари раиси Қувваи қазоияи Эрон ба Ироқ

 

Ҳадафи аслии ин сафар густариши равобити қазоӣ ва ҳуқуқӣ миёни ду кишвар аст. Ба иборати дигар, тавсеаи равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ироқ ҳамаҷониба аст ва дар абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва қазоӣ пайгирӣ мешавад. Ҳавзаҳои мухталифи ҳамкории қазоӣ ва ҳуқуқӣ байни ду кишвар вуҷуд дорад ва ба хусус ҷумҳурии Ироқ тамоюл дорад дар ин давроне ки ба навъе ҳамчунон даврони “гузор”-и Ироқ аз нобасомониҳои пасосаддомӣ аст, аз таҷрибаҳои ҳуқуқиву қазоии Ҷумҳурии исломии Эрон баҳра гирад.

Илова бар ин, пайгирии вазъияти зиндониёни ироқиву эронӣ дар ду кишвар низ аз ҷумлаи мавориде аст, ки дар гузашта низ дар ин хусус ҳамкорӣ анҷом шуд. Шуморе аз шаҳрвандони эронӣ дар Ироқ ва шаҳрвандони ироқӣ низ дар Эрон бо сабабҳои мухталиф зиндонӣ ҳастанд. Бино бар тавофуқе ки пеш аз ин ду кишвар доштаанд, пас аз гузарондани бахше аз маҳкумият, имкони интиқоли зиндониёни ҳар ду тараф ба кишварашон вуҷуд дорад. Ин мавзуъ эҳтимолан яке аз меҳварҳои гуфтугӯ миёни мақомоти қазоии ду кишвар дар сафари оятуллоҳ Раисӣ хоҳад буд.

Яке аз муҳимтарин мавориде, ки дар сафари раиси Қувваи қазоия ба Ироқ пайгирӣ мешавад, пайгирии қазоии ҷинояти Амрико дар террори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис хоҳад буд. Давлати Амрико сеюми январи соли 2020 дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод дар иқдоме ҷинояткорона сардор Сулаймониро, ки меҳмони ироқиҳо буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини раиси Ҳашдушшаъби ва 8 нафар аз ҳамроҳонашон террор кард. Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар пайгирии ҳуқуқии ин ҷинояти давлати Амрико тавассути давлати Ироқ таъкид кардааст. Давлати Ироқ низ фароянди баррасии ин ҷиноятро оғоз кардааст. Дар сафари оятуллоҳ Раисӣ ин мавзуъ аз авлавиятҳои аслии гуфтугӯ миёни тарафайн хоҳад буд.

Нуктаи поёнӣ ин ки сафари оятуллоҳ Раисӣ ба Ироқ нишон медиҳад,Теҳрон ва Бағдод бо убур аз коршиканиҳо ва нофаҳмиҳо, талош доранд ҳавзаи ҳамкории дуҷонибаро густариш диҳанд.

 

Бештар бихонед: