Рӯҳонӣ: Дунё дар моҷарои шикасти Трамп мадюни Эрон аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, муқовимати мардум ва тадбири давлати Эрон боиси шикасти давлати қаблии Амрико дар таҳриму фишори ҳаддиаксарӣ зидди ҷумҳурии исломӣ шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими бузургдошти солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, оғози чиҳилусеюмин соли инқилоби исломии Эронро табрик гуфт ва афзуд: «Миллати бузурги Эрон дар баробари Доналд Трампи мустабиди Кохи Сафед истод ва бо сабру муқовимат ӯро ба шикаст кашонд».
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ёдоварии таҳримҳои золимонаи Амрико ва фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп зидди Эрон гуфт: «Ҳамаи мардуми ҷаҳон дар ин рӯзҳо як қарзи бузург ба миллати Эрон доранд, чун бо муқовимати мардум ва тадбири давлати Эрон дар се соли гузашта Трамп шикаст хурд».
Рӯҳонӣ афзуд: «Имрӯз дунё амният, эҳсоси қонунгароӣ ва суботаш бо рафтани Трамп афзоиш ёфтаву дайне ҳам ба миллати бузурги Эрон дорад».
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: «Дар як соли ахир таҳрим, корона, фишори расонаӣ ва ҷанги равониву таҳдидҳои низомӣ ҷумҳурии исломиро таҳдид кард, аммо миллати Эрон истодагӣ кард ва акнун ҳам агар музокирае ва ё паймоне баста мешавад, ҳамаву ҳама дар чорчӯби масолеҳи миллӣ аст ва касе тасаввури дигаре дар зеҳнаш набошад».
Раиси қувваи муҷрияи Эрон таъкид кард: «Даврони таҳрими ҳаддиаксарӣ ва даврони ҷанги иқтисодӣ тамом шуд, аммо барои расидан ба пирӯзии ниҳоӣ ҳанӯз ниёз ба сабру муқовимат аст».
Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон гуфт: «Агар 5+1 ба тааҳҳудоти худ амал кунад, Эрон ҳам ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал хоҳад кард ва роҳи дигаре вуҷуд надорад, ҳатман масири сиёсӣ ва роҳи тавофуқи дунё бо Эрон гуфтугӯ хоҳад буд ва дар ин масир миллати Эрон муваффақ хоҳад шуд».
Бештар бихонед:
- Баргузории ҷашни 42 солагии инқилоби исломӣ ба шевае мутафовит
- Рӯҳонӣ: Аз рафтани Трамп бисёр хушҳолем