Охирин омори корона дар Эрон
(last modified Fri, 12 Feb 2021 12:21:47 GMT )
Феврал 12, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Фавти 58 бемори коронаӣ дар Эрон дар таърихи 24 баҳмани 1399
    Фавти 58 бемори коронаӣ дар Эрон дар таърихи 24 баҳмани 1399

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, то кунун як миллиону 503 ҳазору 753 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шуда ва бо фавти 58 нафар аз беморони мубтало дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 58 ҳазору 809 нафар расидааст.

Симо Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз (24 баҳмани 1399) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 7 ҳазору 298 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва 557 нафар бистарӣ шуданд. Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар кишвар ба як миллиону 503 ҳазору 753 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт гуфт: Хушбахтона то кунун як миллиону 285 ҳазору 14 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун ҳудуди 107 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед: