Воизӣ: Хати тавлиди ваксинаи русии корона дар Эрон эҷод мешавад
(last modified Fri, 19 Feb 2021 12:05:14 GMT )
Феврал 19, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди хати тавлиди ваксинаи русӣ дар Эрон
    Эҷоди хати тавлиди ваксинаи русӣ дар Эрон

Раиси дафтари раисиҷумҳури исломии Эрон аз роҳандозии хати тавлиди ваксинаи русии корона дар Эрон хабар дод.

Маҳмуди Воизӣ бо ишора ба хариди ваксинаи корона аз Русия ва ҳамоҳангии ду кишвар барои тавлиди муштараки ваксинаи корона дар Эрон афзуд: Дар сафари раиси Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ба Русия тавофуқ шуд то хати тавлиди ваксинаи русӣ дар Эрон роҳандозӣ шавад.

Воизӣ бо ишора ба талош барои тавлиди ваксинаи эронии корона гуфт: Ваксинаи “Пастер” мароҳили хуберо тай кардааст ва дар Куба бо ҳамин ваксина эмгузаронии умумии худро оғоз кардаанд ва қарор аст хати тавлиди ин ваксина ҳам дар Эрон эҷод шавад.

Раиси дафтари раиси ҷумҳурии Эрон аз хариди 250 ҳазор доза ваксинаи чинӣ ва воридоти он ба Эрон низ хабар дод ва гуфт: Илова бар ин, қарордоди Эрон бо Ҳинд барои дарёфти ваксинаи ҳиндӣ, ки дар чанд кишвари дигар монанди Шветсия ҳам дар ҳоли сохт ва тавлид аст ва дар Оксфорд таҳқиқоти он анҷом шудааст, дар мароҳили ниҳоӣ шудан аст.

Ҳамчунин Ҳомиди Ҳусайнӣ, мудири маркази корозмоии болинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон рӯзи ҷумъа гуфт: Мутолеаи фази як тести инсонии ваксинаи коронаи “Ков Эрон баракат” поён ёфтааст.

 

Бештар бихонед: