Нишасти онлайни «баррасии нақши Хоҷа Насриддини Тусӣ дар таърих ва фалсафа»
(last modified Tue, 23 Feb 2021 11:08:33 GMT )
Феврал 23, 2021 16:08 Asia/Dushanbe
  • Нишасти онлайни «баррасии нақши Хоҷа Насриддини Тусӣ дар таърих ва фалсафа»

Ба муносибати 5 исфанд рӯзи бузургдошти Хоҷа Насриддини Тусӣ нишасти «баррасии нақши Хоҷа Насриддини Тусӣ дар таърих ва фалсафа» баргузор мешавад.

Анҷумани илмӣ ва таърихии тамаддуни милали исломӣ бо ҳамкории Анҷумани эронии таърихи ислом ва Анҷумани илмии фалсафа ва ҳикмати исломии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад рӯзи сешанбе 5 исфанди 1399 (23 феврали 2021) ин ҳамоишро ба сӯрати маҷозӣ баргузор мекунанд.

Дар ин барнома доктор Мустафо Гавҳарии Фахрободӣ, узви ҳайати илмии таърих ва тамаддуни милали исломӣ ва доктор Алиризо Куҳансол, узви ҳайати илмии фалсафаи Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба унвони суханрон ҳузур доранд.

Алоқамандон метавонанд соати 19 то 21 ба вақти Эрон (20:30 то 22: 30 ба вақти Тоҷикистон) бо муроҷиа ба сайти didar.um. ac. ir/joinroom/ferdowsi/isihistory - mashhad дар ин ҳамоиш ба сурати бархат(онлайн) ширкат кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: