Феврал 26, 2021 19:55 Asia/Dushanbe
  • Намакӣ: Эрон ба яке аз содиркунандагони ваксина табдил хоҳад шуд
    Намакӣ: Эрон ба яке аз содиркунандагони ваксина табдил хоҳад шуд

Вазири беҳдошти Эрон эълом кард: Кишвари мо то баҳори соли оянда ба яке аз қутбҳои бузурги тавлид ва содироти ваксина дар дунё табдил хоҳад шуд.

Саиди Намакӣ дар ҳошияи дидор бо мароҷеи муаззами тақлид дар Қум гуфт: Пешрафтҳои донишмандони кишварамон дар тавлиди ваксинаи эронӣ чашмгиру ҳайратангез буда ва ба зудӣ на танҳо дар тавлиди ваксина худкифо хоҳем шуд, балки ба яке аз содиркунандагон низ табдил хоҳем шуд.

Вай афзуд: Бо вуҷуди тамомии таҳримҳову шароити коронаӣ, аммо дар тавлиди дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ҳам тавфиқоти хубе доштем, ба тавре, ки имсол танҳо як миллиард доллар сарфаҷӯӣ доштаем, балки миқдори зиёде моск ба дигар кишварҳо содир шудааст.

Вазири беҳдошти Эрон вазъияти вируси корона дар кишварро маҳоршуда тавсиф карду гуфт: Бо вуҷуди вируси англисӣ аммо ҳамкорони ман расади хона ба хонаро дар саросари кишвар оғоз карданд ва имрӯз теъдоди тестҳо аз 10 ҳазор ба беш аз сад ҳазор дар рӯз афзоиш ёфтааст.

Намакӣ аз оғози тазриқи ваксина ба ҷомеаи ҳадаф ва гурӯҳҳои осебпазиру солмандон дар кишвар хабар дод ва гуфт: То замони иҷрои эмгузаронии умумӣ, танҳо роҳи дар амон мондан аз вируси корона риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп