Давлати Байден бар идомаи сиёсатҳои Трамп алайҳи Эрон таъкид кард
Муовини вазири хазонадории давлати Байден бидуни дарс гирифтан аз сиёсати шикастхӯрдаи Доналд Трамп алайҳи Эрон мутааҳҳид шуд, ки таҳримҳои Иёлоти муттаҳида алайҳи Эронро эъмол кунад.
Ба гузориши хабагории Райтерс, Wally Adeyemo, муовини вазири хазонадории давлати Ҷо Байден дар посух ба пурсишҳои аъзоии Кумитаи молии Сенат гуфт, ки Эрон фақат дар сӯрати азсаргирии тааҳҳудоти тавофуқи ҳастаии 2015 бояд аз коҳиши таҳримҳо бархӯрдор шавад.
Пеш аз ин низ Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико, ки худ аз хурӯҷи Трамп аз БАРҶОМ интиқод мекард, гуфт, ки то ғансозии уран дар Эрон мутаваққиф нашавад, таҳримҳоро лағв нахоҳад кард.
Дар пайи пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо барои баргузории нишасти ғайрирасмӣ миёни аъзои БАРҶОМ бо ҳузури Эрон ва Амрико, Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки бо тавваҷуҳ ба мавозеъ ва иқдомоти ахири Амрико ва се кишвари аврупоӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрони замонро барои баргузории ин ҷаласаи ғайрирасмӣ муносиб намедонад.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳам дар бораи мухолифати Эрон бо ҳузур дар нишастии ғайрирасмӣ ба ҳамроҳи кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ изҳор кард: «аз посухи Эрон дар радди миёнҷигарӣ Аврупо дар бораи музокироти парвандаи ҳастаӣ, ноумед шудем».
Бо вуҷуди изъони мукаррари Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба пайбандии Эрон ба тамомии тааҳҳудоташ, давлати Амрико дар 8 майи 2018 ба сӯрати якҷониба аз БарҶом хориҷ шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД: