Дастури вижаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ барои расидагӣ ба манотиқи зилзилазадаи шаҳри Сисахт
(last modified 2021-03-18T12:03:34+00:00 )
Март 18, 2021 17:03 Asia/Dushanbe
  • Дастури вижаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ барои расидагӣ ба манотиқи зилзилазадаи шаҳри Сисахт

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар боздид аз манотиқи зилзилазадаи шаҳри Сисахт аз дастури вижаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ барои расидагӣ ба ин шаҳр хабар дод .

  Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ба манзури боздид аз манотиқи зилзилазадаи шаҳри Сисахти устони Куҳгилуя ва Буираҳмад  вориди ин шаҳр шуда аз дастури вижаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ барои расидагии ин минтақаи осебдида аз зилзила хабар дод .

    Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд : Ба зудӣ 300 конекс(хонаи сайёр)-ро Сипоҳи посдорон вориди минтақа мекунад.

    Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ ҳадафи аслии сафарро ба ин устон, боздид ва саркашӣ аз манотиқи зилзилазада шаҳристони Сисахт унвон кард ва гуфт : Бо анҷоми як силсилаи кумакҳое, ки метавонад то ҳудуде шароити зиндагиро барои мардум,ки таҳти таъсири зилзила қарор гирифтаанд, осонтар кунад, дар канори мардум ҳастем .

  Заминларзае ба бузургии 6.5 дараҷаи Рихтер, соъати 22-у 5 дақиқаву 34 сонияи 29 баҳманмоҳи 1399  шаҳри Сисахт-маркази шаҳристони Дноро дар устони Куҳгилуя ва Буираҳмад  ларзонд .

    Сисахт бо 7 ҳазор нафар ҷамъият дар 35 километрии ғарби Ёсуҷ қарор дорад .

    Бар асоси гузоришҳои аввалия  78 рустои шаҳристони Дно дар зилзила хисорати ҷиддӣ дидаанд ва бархе манозили маскунӣ сад дар сад тахрибу ғайри қобили сукунат шудаанд .

  Заминларзаи Сисахт хисорат ҷонӣ надоштааст, аммо 61 нафар захмӣ шудаанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп