Март 19, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
  • Посухи Рӯҳонӣ ба номаи амири Қатар

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Доҳа гуфт, посухи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба номаи ахири амири Қатарро тақдими мақомоти Вазорати хориҷаи ин кишвар кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳамидризо Деҳқонии Пуде, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Доҳа панҷшанбешаб дар паёме аз тақдими посухи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба номаи ахири Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар хабар дод.

Сафири Эрон дар Қатар дар ин бора навишт: «Имрӯз посухи доктор Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии муҳтарами кишварамон ба номаи амири Қатар - ҷаноби оқои шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, ки оқои шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ ба Теҳрон оварда будро ба мақомоти Вазорати хориҷа тақдим кардам. Гуфтугӯи ҷамъӣ, минтақаи қавиву амн бар мабнои тафоҳум ва ҳамкорӣ ҳадафи ду кишвар аст».

Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар моҳи гузашта ба Теҳрон сафар кард ва зимни дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон паёми катбии амири Қатарро тақдими вай кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп