Март 20, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ дар ҳарами Имом Ризо (а) бо танинандоз шудани дуъои таҳвили Соли нав оғоз шуд .
    Соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ дар ҳарами Имом Ризо (а) бо танинандоз шудани дуъои таҳвили Соли нав оғоз шуд .

Соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ дар ҳарами Имом Ризо (а) бо танинандоз шудани дуъои таҳвили Соли нав оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳарами разавӣ дар остонаи соли ҷадид ва аз бомдоди имрӯз мизбони ҷамъӣ аз иродатмандони аҳли Байт ( а ) шуд, ки бо тшрруф ба ин саҳну сарои малакутӣ соли нави худро дар ҷавори мазҷаъи нурборонаш оғоз карданд ва ҳамнаво бо дигар зоирон дуъои” Ё Муқаллибал қулуби валабсор”-ро замзама ва дигаргунии ҳолшонро ба аҳсанулҳол аз Худои бузург талаб карданд .

    Имрӯз ҷамъ бешуморе аз зоирон ҳам бо дил раҳсипори зиёрати Имоми рауфи худ шуданд ва дар канори панҷараи фулодаш  дахил бастанд ва дар ҳоле, ки дуъои “ Ё ваҷиҳо индаллоҳ”-ро замзама мекарданд ,таманнои шафоъат аз маҳзари Имоми худ доштанд .

   Нақорраҳо ҳам аз дилдодагӣ дар ҳарими ёр мегуфтанд; навойи “Ризо,Ризо” дар остонаи соли нав чӣ зебо дар ҳарами разавӣ печид ва то осмон танинандоз шуд . Бисёре аз зоирон дар нахустин дуъои худ ҳангоми таҳвили соли нав таъҷил дар фараҷи Имоми аср ( аҷ )ва саломатии ҳамаи муъминонро ба вижа дар ин шароити коронаӣ аз Худои бузург талаб мекарданд .

    Дар бахши сеюми ин барномаҳо бо наздик шудан ба соъати 13, зоирон ҳамнаво бо зокирони аҳли Байт ( а ) дуъои тавассулро замзама карданд ва пас аз он намоҳанги шомили дуъои ҳоҷи Қосим ва Раҳбари муъаззами инқилоб, салавоти хоссаи ҳазрати Ризо ( а ) ва ҳамчунин дуъои таҳвили сол пахш шуд .

   Бо таҳвили соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ дар соъати 13 ва 7 дақиқа ва 28 сония, дар ҷавори мазҷаъи шарифу мунаввари ҳазрати Ризо ( а) паёми наврӯзии Раҳбари муъаззами инқилоб пахш шуд .

    Маросими таҳвили сол дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ ба сурати мустақим аз шабакаҳои саросарӣ низ пахш шуд то ҳамаи муштоқону дилдодагон, ки имкони ҳузур дар ҳарами мутаҳҳарро надоштанд битавонанд аз он баҳраманд шаванд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп