Паёми табрики наврӯзии Путин ба Рӯҳонӣ
(last modified Tue, 23 Mar 2021 11:52:33 GMT )
Март 23, 2021 16:52 Asia/Dushanbe
  • Путин дар паёми табрики наврӯзии худ ба Рӯҳонӣ барои миллату давлати Эрон рифоҳу муваффақият орзӯ кард
    Путин дар паёми табрики наврӯзии худ ба Рӯҳонӣ барои миллату давлати Эрон рифоҳу муваффақият орзӯ кард

Раиси ҷумҳӯрии Русия дар паёме фарорасии иди бостонии Наврӯзро ба раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон табрик гуфт .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорӣ Эронпресс, Владимир Путин дар паёми худ ба Ҳасан Рӯҳонӣ зимни табрики фарорасии иди Наврӯз, навишт : « Итминон дорам, ки густариши рӯзафзӯни ҳамкориҳои созанда дар ҳамаи заминаҳо посухгӯи  манофеъи асосии миллатҳои ду кишвар ва дар масири таҳкими суботу амнияти минтақаӣ аст . »

    Раиси ҷумҳӯрии Русия афзуд : « Равобити Эрону Русия бар суннатҳои ҳасанаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил устувор мебошад . »

 Путин дар паёми худ барои Рӯҳонӣ саломатӣ ва муваффақият ва барои мардуми Эрон комёбӣ ва рифоҳ орзӯ кард.

 

  Бештар бихонед :