Март 30, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
  • Истеҳсоли 709 сомонаи мудофиаи бумӣ дар Эрон
    Истеҳсоли 709 сомонаи мудофиаи бумӣ дар Эрон

Раиси Созмони саноати электронии вазорати дифоъи Эрон гуфт: "То ба ҳол мо 709 сомонаи дифоъиро тавлид ва бумисозӣ худ кардем."

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал «Шоҳрухи Шаҳром » дар шабакаи хабари Эрон бо мавзӯи дастовардҳои саноати дифоии ин кишвар афзуд: Дар маҷмӯ 709 сомонаи дифоиро тавлид кардаем, ки ин адади маънодоре аст. 

Вай тасреҳ кард: 10 сомонаи диҷиталиро аз сифр то сад худамон тавлид кардаем, ки ин хати тавлид дар минтақаи ғарби Осиё беназирст ва ҳар сол дарсади бумисозии сомонаҳои дифоӣ боло рафтааст. 

Амири сартип Шаҳром гуфт: Дар замони таҳрим ва таҳдид бо итминони бештаре аз ин сомонаҳои бумӣ истифода кардаем. 

 Раиси созмони саноеи электроникии Вазорати дифои Эрон афзуд: Дар солҳои гузашта рушди дубаробарӣ дар ҳавзаи қитъасозиро шоҳид будем ва дар ҷанги электронӣ ва сойберӣ, ки дар ҷаҳон шойеъ шудааст, рушди қобили қабуле доштаем, чун заработи аввалия аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад. Таҷҳизот бояд дар муқобили ҷанги сойберӣ тобовар бошад.

Сардори Ташкилоти саноати электронии Вазорати мудофиаи Эрон изҳор дошт: Сомонаҳои ватани мо устувор шуданд. Устуворӣ ба ин маъност, ки дар муқобили таҳдидоти шиносоишуда муқовим бошем.

Амир Шаҳрам гуфт: дар соҳаи сатҳи замин, ҳаво ва кайҳон сомонаҳои ватани мо тобоваранд ва ҳамаи ин таҷҳизот бо ҷанги интеллектуалӣ ва системаи зидди киберӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп