Теъдоди қурбониёни рӯзонаи корона дар Эрон бори дигар серақамӣ шуд
Пас аз ҳудуди се моҳ бори дигар теъдоди рӯзонаи марг ба иллати бемории Ковиди 19 дар Эрон ба беш аз сад нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа дар бора охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 11 ҳазору 660 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 130 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.»
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони афзуд: «Бо фавти 117 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин вирус дар кишвар ба 62 ҳазору 876 нафар расид. »
Аз 5 январ то аввали апрели 2021 рӯзона камтар аз 100 нафар дар Эрон бар асари корона ҷони худро аз даст дода буданд.
Ба гуфтаи хонум Лорӣ то ҳол як миллиону 908 ҳазору 974 бемори Ковиди 19 дар Эрон сабт шудааст, ки як миллиону 633 ҳазору 949 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё бо беҳтар шудани ҳолашон аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 130 миллион нафарро дар дунё гирифтор карда ва беш аз ду миллиону 842 ҳазор нафар низ бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед: