Апрел 03, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 3 апрели 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 3 апрели 2021 эълом шуд

Шумори ҷонбохтагони Ковид 19 дар Эрон ба марзи 63 ҳазор нафар расид.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоёну ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 11 ҳазору 420 бемори ҷадиди Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 1 ҳазору 60 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.»

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд : «Бо фавти 123 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соъати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон ба 62 ҳазору 999 нафар расид.»

 Хонуми Лорӣ ҳамчунин гуфт, ки маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба 1 миллиону 920 ҳазору 394 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 642 ҳазору 418 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

  Вируси корона бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 130 миллион нафарро дар дунё олӯда карда ва беш аз 2 миллиону 852 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп