Рӯҳонӣ: Пуштибонӣ аз тавлид ниёзманди иқдомоти айнӣ ва амалӣ аст
(last modified Sun, 04 Apr 2021 10:47:31 GMT )
Апрел 04, 2021 15:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Пуштибонӣ аз тавлид ниёзманди иқдомоти айнӣ ва амалӣ аст
    Рӯҳонӣ: Пуштибонӣ аз тавлид ниёзманди иқдомоти айнӣ ва амалӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, пуштибонӣ аз тавлиди ниёзманд иқдомоти айнӣ ва амалӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Эрон "Ҳасани Рӯҳонӣ "  рӯзи якшанбе дар 214-умин ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат дар бораи иқдомот ва барномаҳои пешниҳодӣ барои таҳаққуқи шиори соли Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  бо номи «тавлид, пуштибониҳо, монеъзудоиҳо » гуфт: Шиори имсол паёми субот ва истимрори нигоҳи ҳимоят аз тавлид дар сиёсатҳои кишварро дорад. 

Рӯҳонии илова кард: Он чӣ имрӯз беш аз ҳама аҳамият дорад ҳимояти ҳамаҷониба аз тақвияти тавлид ва беҳбуди фазои касбу кор аст. 

Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Рафъи таҳримҳо, ва воқеъбинӣ барои ҳамвор кардани масири тавлид, аз ҷумла барномаҳои давлат барои таҳаққуқи шиори соли 1400 аст. 

Рӯҳонӣ таъкид кард: Шиори соли 1400 бо тақвияти омӯзишу пажӯҳиш дар воҳидҳои саноатӣ ва тавлидӣ, марокизи таҳқиқу тавсеъа ва пуштибонии ҳар чӣ бештар аз ширкатҳои донишбунён муҳаққиқ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: