Амир Ҳотамӣ: Вазорати дифоъ барои таҳаққуқи комили шиори сол зарфияти болое дорад
(last modified Sun, 11 Apr 2021 18:00:35 GMT )
Апрел 11, 2021 23:00 Asia/Dushanbe
  • Амир Ҳотамӣ: Вазорати дифоъ барои таҳаққуқи комили шиори сол зарфияти болое дорад
    Амир Ҳотамӣ: Вазорати дифоъ барои таҳаққуқи комили шиори сол зарфияти болое дорад

Вазири дифоъ пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Вазорати дифоъ барои таҳаққуқи комили шиори сол зарфияти болое дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал " Амир Ҳотамӣ" вазири дифо ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз якшанбе бо ҳузури дар ҷамъи коркунон ва мудирони ситоди вазорати дифо ба сурати видеоконфаронс гуфт: Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ барои соли ҷадид шиори " тавлид, пуштибониҳо, монезудоӣ "-ро интихоб карданд то аҳамияти равнақи тавлидро ёдоварӣ кунанд. 

Генерал Ҳотамӣ илова кард: Дар Вазорати дифо ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфиятҳои боло ва мутамойизе барои таҳаққуқи ин шиор ба баракати инқилоби исломӣ вуҷуд дорад. 
  
 Ба гуфтаи вазири дифо ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон: Соли 1400 соли шукуфоӣ ва пешрафтҳои бевосита дар ҳамаи заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ , иқтисодӣ ва бавижа дар саноати дифоӣ хоҳад буд . 

Генерал Ҳотамӣ афзуд  Дар соли 1400 мебояд батаври хосу вижа аз тавлид ва тавлидкунанда ва корофаринон ҳимоят ва пуштибонӣ шавад . 
  
  
  
  Бештар бихонед :