Апрел 13, 2021 15:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ва Лавров бар бозгашти беқайду шарти Амрико ба БарҶом таъкид карданд
    Рӯҳонӣ ва Лавров бар бозгашти беқайду шарти Амрико ба БарҶом таъкид карданд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо вазири хориҷаи Русия дар Теҳрон бо ишора ба аҳамияти равобити ду кишвар бар лузуми тавсеаи равобити Эрон ва Русия бар асоси манофеи мутақобил ва бидуни таъсирпазирӣ аз фишорҳои хориҷӣ таъкид кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидори Сергей Лавров аз тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ бо ҳадафи кумак ба барқарории сулҳу субот ва муқобила бо якҷонибагароӣ ва мудохилаи Амрико дар умури минтақа истиқбол кард.

Рӯҳонӣ дар идома бо таъкид бар ин ки амнияти минтақаро бояд кишварҳои худи минтақа ҳифз кунанд, изофа кард: Бо тавваҷуҳ ба поёни таҳрими таслеҳотии Эрон аз октябри гузашта, тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии Эрон ва Русия зарурӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо қадрдонӣ аз мавозеъ ва ҳимоятҳои Маскав аз музокироти ҳастаӣ, бар идомаи талошҳо барои ҳифзу эҳёи БарҶом ба унвони як тавофуқи чандҷонибаи байналмилалӣ таъкид кард.

Рӯҳонӣ гуфт: Имрӯз Амрико ва ҳамаи дунё ба ин натиҷа расидаанд, ки фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрда ва танҳо роҳи Амрико барои бозгашт ба БарҶом, лағви таҳримҳост.

Вазири умури хориҷаи Русия низ дар ин дидор бо баёни ин ки ду кишвар барои тавсеаву таъмиқи равобит мусаммам ҳастанд ва иродае қавӣ доранд, гуфт: Барои тавсеаи ҳамкориҳои Маскав – Теҳрон аз ҷумла ҳамкориҳои фаннӣ ва дифоӣ ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад.

Сергей Лавров бо баёни ин ки Эрон ва Русия дар хусуси ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аҳдофи муштарак ва наздикӣ доранд, ба музокироти ҳастаии ахир дар Вена ва тамоюли Амрико барои бозгашт ба БарҶом ишора карду афзуд: Танҳо роҳи ҳалли масъала аз назари Маскав бозгашти беқайду шарту комили Амрико ба БарҶом бо иҷрои Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал аст.

Лавров таъкид кард: Аз назари мо ин комилан ғайрисозанда аст, ки аз Эрон хоста шавад дар чорчӯби БарҶом шароити ҷадидеро бипазирад ва ё фаротар аз тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ амал кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп