Апрел 13, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Фардо дар Эрон оғози моҳи мубораки Рамазон аст
    Фардо дар Эрон оғози моҳи мубораки Рамазон аст

Фардо, биступанҷуми фарвардин ва чаҳордаҳуми апрел дар Эрони исломӣ оғози моҳи мубораки Рамазон аст.

Мардуми Эрон фардо ҳамзамон бо бисёре аз мусулмонон дар кишварҳои мухталифи исломӣ моҳи Рамазонро оғоз мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки имрӯз дар бархе кишварҳои исломӣ якумин рӯзи моҳи Рамазон буд.

Ба ҳамин муносибат вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ҳулули моҳи мубораки Рамазонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин паёми твиттерӣ моҳи мубораки Рамазонро моҳи меҳрубонӣ, сулҳ, баракат ва некӯкорӣ тавсиф карда ва аз Худованд хостааст дар ин моҳ ба мусулмонон дар мувоҷеҳа бо чолишҳо то дастёбӣ ба манофеи муштарак байни миллатҳои исломӣ, ваҳдат ва инсиҷом ато кунад ва садои ҳаққу озодӣ дар миёни мардумро баланд гардонаду ситамро аз мазлумон дур кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп