Шиносоии омили харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон +филм
Ҳувияти фарде, ки бо эҷоди ихтилол дар системаи барқи муҷтамаи ғанисозии шаҳид Аҳмадии Равшани Натанз боиси қатъи барқрасонӣ ба яке аз салонҳои ин муҷтамаъ шуда буд, шиносоӣ шудааст.
Ба гузориши ИСНА, як мақоми огоҳ дар Вазорати иттилооти Эрон гуфт: «ҳувияти фарде, ки бо эҷоди ихтилол дар системаи барқи муҷтамаи ғанисозии шаҳид Аҳмадии Равшани Натан боиси қатъи барқрасонӣ ба яке аз толорҳои ин муҷтамаъ шуда буд, шиносоӣ шудааст».
Ӯ афзуд: «иқдомоти лозим барои дастгирии омили аслии ихтилол дар сомонаи барқи муҷтамаи Натанз дар дасти иқдом аст».
Ин мақоми огоҳ бо ишора ба гузориши гурӯҳи фаннии баррасикунандаи ҳодиса тасреҳ кард, «чигунагии эҷоди ихтилол дар системаи барқрасонӣ низ аз сӯи гурӯҳи фаннӣ мушаххас шуда ва аз дирӯз маҷмӯи иқдомоти лозим барои бозгардондани толори осеб дида ба мадори фаъолияти муҷаддад оғоз шудааст».
Бештар бихонед:
- Вокуниши Зариф ба ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон
- Ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон ва зарурати мубориза бо терроризми ҳастаӣ