Халиҷи Форс, номе ба пойдории таърих + филм
Собиқаи номи Халиҷи Форс ба гувоҳи асноди таърихӣ ва нақшаҳои ҷуғрофиёӣ ба ду ҳазору 500 сол пеш мерасад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; қудумати Халиҷи Форс бо ҳамин номи дерина аст ки бисёре аз торихнигорони бузург, Халиҷи Форсро гаҳвораи тамаддуни олам ё хостгоҳи навъи башар медонанд.
Имрӯзи даҳуми урдубиҳишт баробар бо сиюми апрел рӯзи миллии Халиҷи Форс аст.
Чаҳорсад сол пеш дар чунин рӯзе ба гувоҳи торих, соҳилнишинони ғайратманди Халиҷи Форс дасти мутаҷовизони Португалиявиро аз ҷазираи Ҳурмуз кӯтоҳ карданд ва ба ишғоли беш аз 100 -солаи ғоратгарон дар ин минтақа поён доданд.
Агарчӣ дар солҳои ахир бархе кишварҳои ҳошияи савоҳили ҷанубии Халиҷи Форс ба пуштвонаи абарқудратҳои мудохилагар дар минтақаи Амрико дар иқдоме бепоя ва музҳик, номи ин халиҷи то ҳамешаи Форсро ба номи ҷаълии дигаре тағйир додаанд, аммо муҳимтарин асноди торихӣ исбот мекунад, ки абраҳаи муҳими ҷаҳонӣ аз дербоз то ба имрӯз бо номи сарзамини паҳновару сарбаланди Эронзамини гиреҳ хӯрдааст.
Пешинаи торихии номи халиҷи Форс ба гӯнаест, ки метавон онро дар миёни нақшаҳои куҳану санадҳои торихии мавҷуд дар муассисаи ҷуғрофиёии Италия дар шаҳри Рум ҳам пайдо кард.
Бештар бихонед: