Май 01, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Созмони иттилооти сипоҳ, саркардагони гурӯҳи Ҳабути Эронро шиносоӣ ва онро муталошӣ карданд
    Созмони иттилооти сипоҳ, саркардагони гурӯҳи Ҳабути Эронро шиносоӣ ва онро муталошӣ карданд

Созмони иттилооти Сипоҳи посдорон дар устони Озарбойҷони шарқии Эрон (шимоли ғарби Эрон) аз муталошӣ шудани гурӯҳи Ҳабути Эрон аз гурӯҳҳои душман бо низоми ҷумҳурии исломӣ хабар дод.

Созмони иттилооти Сипоҳ дар устони Озарбойҷони шарқии Эрон дар иттилоияе эълом кард: Ҳабути Эрон гурӯҳест, ки аз чаҳор соли пеш эъломи мавҷудият кард, то битавонад бо истифода аз зарфияти гурӯҳҳои мухталифи барандоз ва мавҷсаворӣ рӯи мушкилоти синфӣ ва маишатии мардум ба заъми худ барандозӣ дар Эронро муҳаққиқ кунад”.

Бар асоси ин иттилоия, салтанатталабон аслитарин ҳомии ин гурӯҳ буданд, ки бо такя бар давлатҳои ғарбӣ ва Арабистон барномаҳои худро дар Эрон иҷро мекарданд.

Ин иттилоия меафзояд: Яке аз тарфандҳои расонаии ин ҷарён, истифода аз фиребхурдагон барои фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст, ки ин афрод бо шаклу шамоили мухталиф ба хусус дар либоси нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломии Эрон ҷилави дурбин ҳозир мешуданд ва худро низомиёни ҷудошуда муаррифӣ ва бо қироати баёнияҳо ва фарохонҳо мардумро ба шӯриши хиёбонӣ даъват мекарданд.

Саркардагони ин гурӯҳи душман дар устони Озарбойҷони шарқӣ шиносоӣ ва муталошӣ шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп