Таъкиди Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ бар тақвияти дурусти тавлиди миллӣ
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, тақвияти дурусти тавлиди миллӣ боиси хунсо шудан ва бартараф шудани таҳримҳо мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ рӯзи якшанбе дар суханонӣ таъкид карданд агар мехоҳем аз тавлиди миллӣ ҳимоят кунем бояд аз коргарон ҳимоят кунем.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, бо баёни ин ки муаллимон афсарони сипоҳи пешрафти кишвар ҳастанд, таъкид карданд муаллимон бояд коре кунанд резишҳо наздик ба сифр бошад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома фармуданд, дар кишвар хушбахтона имрӯз имкони омӯзиш ба шакли густардае вуҷуд дорад. Дар гузашта ин миқдор омӯзиш барои ҷавонон ва навҷавонону кӯдакон фароҳам набуд, ки имрӯз ба баракати ҷумҳурии исломӣ вуҷуд дорад.
Бештар бихонед: