Бояд қудрату ибтикори миллати Эронро ба режими саҳюнӣ фаҳмонд
(last modified Sun, 27 Oct 2024 14:07:56 GMT )
Октябр 27, 2024 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон

Раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори хонаводаҳои шуҳадои амният гуфтанд: Бояд хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ ба ҳам бихӯрад ва қудрату иродаву ибтикори миллати Эрон ва ҷавонони кишварро ба онон фаҳмонд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз хонаводаҳои муаззази шаҳидони амният, ин шаҳидонро ҷузви бартарин шуҳадои роҳи ҳақ хонданд ва бо ишора ба аҳамияти зербинои амният дар ҳамаи умури ҷомеа ва абъоди мухталифи зиндагии мардум таъкид карданд: Фақат як Эрони қавӣ метавонад амнияту пешрафти кишвару миллатро таъмин ва тазмин кунад. Бинобарин Эрон бояд рӯз ба рӯз дар ҳамаи абъоди иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ, дифоӣ ва мудириятӣ қавитар шавад.

Раҳбари инқилоб бо таъкид бар зарурати баҳам хӯрдани муҳосиботи ғалати режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон гуфтанд: Онҳо дар бораи Эрон дучори хатои муҳосиботӣ ҳастанд, чаро ки Эрону ҷавонону миллати Эронро намешиносанд ва ҳанӯз натавонистаанд қудрат, тавоноӣ, ибтикор ва иродаи миллати Эронро дуруст бифаҳманд, ки мо бояд инро ба онҳо бифаҳмонем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Албатта, кайфияти корро бояд масъулони мо ба дурустӣ ташхис ва ончӣ ба салоҳи ин кишвару миллат аст, анҷом диҳанд то онҳо бифаҳманд миллати Эрон кисту ҷавонони он чӣ гунаанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд: Ин фикр, ангеза, омодагӣ ва рашодате, ки дар миллати Эрон вуҷуд дорад, бояд ҳифз шавад, чаро ки худи ин унсурҳо амниятсоз ҳастанд.