Май 20, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • тафоҳумномаи бародархондагӣ байни шаҳрдории Кирмони Эрон ва шаҳрдории Армавири Арманистон
    тафоҳумномаи бародархондагӣ байни шаҳрдории Кирмони Эрон ва шаҳрдории Армавири Арманистон

Нахустин тафоҳумномаи бародархондагӣ байни шаҳрдории Кирмони Эрон ва шаҳрдории Армавири Арманистон ва намояндагони вазорати умӯри хориҷаи ду тараф, ба сурати маҷозӣ баста шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидмеҳрони Олимзода-шаҳрдори Кирмони Эрони шомгоҳи чаҳоршанбе дар нишасти бархат(онлайн), ки бо ҳузури сафири Арманистон ва шаҳрдори Армавир баргузор шуд, бо ишора ба ҷойгоҳи муносиби Кирмон дар ҳавзаҳои мухталифи торихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бар афзониши сатҳи таъомулоти байналмиллалӣ таъкид кард .

  Олимзода ибрози умедворӣ кард, ки шаҳрдории Кирмон дар қолаби ин тафоҳумнома битавонад таҷрибаҳое, ки дар ҳавзаи шаҳриву ободонӣ, шаҳрсозӣ, хадамоти шаҳрӣ ва даромадҳои пойдори шаҳрӣ ва низ дар ҳавзаи фарҳангӣ ва гардишгарӣ дорад, бо шаҳрдории Армавир ба иштирок бигузорад .

Арташес Туманиён-сафири Арманистон дар Эрон низ дар ин нишасти маҷозӣ бо ишора ба ҳамкории дигар устонҳои Арманистон бо устонҳои мухталифи Эрон, хотирнишон кард : Умедворам ҳамкорӣ ва иртиботи хубе ҳам байни Кирмон ва Армавир шакл бигирад .

Дэвид Худатиён-шаҳрдори Армавир ҳам дар ин нишасти маҷозӣ бо ташаккур аз масъӯлони сафорати Эрону Арманистон, ки дар барқарории иртиботу ҳамкории хуби ду кишвар талош мекунанд, ибрози умедворӣ кард имзои ин тафоҳумнома ва барқарории иртиботу таъомулоти хуб байни ду устон, ба унвони намӯна барои шаҳрҳову бахшҳое аз ду кишвар, ки бо якдигар таъомуле надоранд ,истифода шуда ва ҳамкориҳои густардае дар ин бахшҳо ҳам ба вуҷуд ояд .

 

      Бештар бихонед :

 

 

Барчасп