Посухи Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба номаҳои мақомоти ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин
(last modified Mon, 24 May 2021 10:49:32 GMT )
Май 24, 2021 15:49 Asia/Dushanbe
  • Посухи Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба номаҳои мақомоти ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин
    Посухи Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба номаҳои мақомоти ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин

Раҳбари Инқилоб дар посух ба номаҳои раиси дафтари сиёсии ҲАМОС ва дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид карданд, ки фаластиниҳо пирузии ниҳоиро хоҳанд дид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ  Хоманаӣ дар посух ба номаҳои оқоён  Раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( ҲАМОС) Исмоил Ҳания ва  дабири кулли Ҷумбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин Зиёд Ан-Нахола, мубориза бо ғосибони  Фаластинро муқовимат дар баробари зулм, куфр ва истикбор  хонданд. 

Матни паёмҳои Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст: 


  Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим 

 Бародари муҷоҳид ҷаноби оқои Исмоили Ҳания аъазуллоҳ

Салому алайкум
  
Номаи ҷаноби олиро, ки дар он шарҳу таҳлили ҷиҳоди ахири Фаластинро марқум доштаед, дарёфт кардам. Муборизаи шумо, муқовимат дар баробари зулму куфр ва истикбор аст ва чунин муборизае Муборизаи шумо муқовимат ба зулм, куфр ва такаббур аст ва чунин мубориза барои Худои таъоло писандида аст: «اِن تَنصُروا اللهَ یَنصُرکُم وَ یُثَبِّت اَقدامَکُم   » . Инна тансуру лиллаҳа янсурукум ва юсаббит ақдамакум.

Ба ҳавл ва қувваи илоҳӣ пирӯз хоҳед шуд ва арзи муқаддасаро аз лавси вуҷуди ғосибон  татҳир хоҳед кард иншааллоҳ. 

Бародартон  Сайид Алии Хоманаӣ душанбеи 12 шавволи 1442 , 3 хурдоди 1400

 - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -  
  
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Бародари муҷоҳид ҷаноби Оқоӣ Зиёд Нахола вифқааллоҳу аъонаҳ

Салому алайкум
  
Номаи бародаронаи ҷаноби олиро дарёфт кардам. Ҷиҳоди бузург ва пирӯзии шумо бародарони фаластинӣ, чашми дӯстдоронатон дар саросари ҷаҳонро равшан кард . Дилҳои мо дар саҳнаи муборизоти шумо ҳозир ва дуои мо барои давому истимрори пирӯзӣҳои шумо, доим аст. Ваъдаи илоҳӣ рост аст ки фармуд:"اِن تَنصُروا اللهَ یَنصُرکُم وَ یُثَبِّت اَقدامَکُم " «Ва лаянсуранна аллаҳу ман янсуруҳу »   ва шумо пирӯзии ниҳоиро хоҳед дид иншааллоҳ ва биҳавлаҳу қуватуҳу. 

Бародари шумо Сайид Хоманаӣ душанбеи 12 шавволи 1442, 3 хурдоди 1400.