Июн 02, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои БРИКС хостори ҳалли мусолиматомези парвандаи ҳастаии Эрон шуданд

Кишварҳои узви БРИКС дар баёнияи поёнии худ, хостори ҳаллу фасли мусолиматомези масоили перомуни барномаи ҳастаии Эрон шуданд.

Дар баёнияи поёнии вазирони хориҷаи кишварҳои узви «Брикс» шомили Бразилия, Русия, Чин, Ҳинд ва Африқои Ҷанубӣ тасреҳ шуд: «вазирони хориҷа бар зарурати ҳаллу фасли масаълаи ҳастаии Эрон аз тариқи равишҳои сулҳомез, дипломатӣ ва мунтабиқ бо қавонини байналмилалӣ таъкид, карда ва аҳамияти иҷрои комил ва қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро хостор шуданд.»

Кишварҳои узви БРИКС дар идомаи ин банд аз баёния аз тамдиди тафоҳуми фаннӣ миёни Эрону Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ истиқбол кардаанд.

Ин хабар дар шароите муташир шуда, ки давлати Амрико иддао мекунад дар ҳоли талош барои бозгашт ба БарҶом аз тариқи музокироти ҷорӣ дар шаҳри Вена аст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико баъд аз хурӯҷи якҷониба аз БарҶом дар соли 2018, дар ростои сиёсате мавсӯм ба «фишори ҳаддиаксарӣ» илова бар бозгардондани таҳримҳои мутаваққиф шуда зайли ин тавофуқ ва эъмоли таҳримҳои ҷадид ба сиёсатои таҳрикомез монанди террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯй оварад.

Давлати ҷадиди Амрико ба раёсати Ҷо Байден зимни эътироф ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ эълом кард, ки қасд дорад, Иёлоти муттаҳидаро ба БарҶом бозгарданд, аммо то ба ҳол аз анҷоми иқдомоти лозим дар ин росто худдорӣ кардааст.

Теҳрон борҳои шарти бозгашти Амрико ба БарҶомро рафъи беқайду шарти тамомии таҳримҳои эъмол шуда, бозэъмол шуда ва ё дубора барчасбгузорӣ шуда, унвон кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп