Июн 05, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи ваксинаи эронии корона ба афроди зери 18 сол

Муҳаққиқи тарҳи ваксинаи эронии “Ков Эрон баракат” гуфт, ба зудӣ тазриқи ваксинаи корона барои афроди зери 18 сол оғоз мешавад.

Мино Муҳраз, муҳаққиқи тарҳи ваксинаи “Ков Эрон баракат” бо баёни инки бояд барои оғози фаъолиятҳои дастаҷамъӣ мисли мусобиқот, маросими мазҳабӣ ҷамъияти болое аз ҷомеъа ваксинатсия шаванд, афзуд, ваксинаи эронии “Ков Эрон баракат” воқеан оризаи ҷиддӣ надошта ва асарбахшии болое низ дорад ва мо мунтазири муҷаввизи фаврӣ барои тазриқи умумии ин ваксина ҳастем.

Муҳраз бо ишора ба инки мадорис ва донишгоҳҳо бояд ба зуддӣ бозгушоӣ шаванд, гуфт, бозгушоии мадорис ва донишгоҳҳо манӯт ба ваксинатсия шудани донишомӯзон, донишҷӯён ва асотид аст.

Тазриқи инсонии марҳалаи аввали мутолиоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи «Ков Эрон баракат»,  29 декабри 2020 оғоз шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп