Ироаи барномаҳои номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар мунозираи интхоботӣ
Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, дар бахши дувум аз дувумин мунозираи интихоботӣ ба тарҳи дидгоҳҳо ва барномаҳои худ пардохтанд.
Саидамирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар ҷамъбандии матолиби худ дар ин мунозира, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, гуфт, суфраи инқилоб мутаъаллиқ ба мардум аст.
Қозизодаи Ҳошимӣ афзуд, иқтисоди Эрон зимни ин ки дарунзо бояд бошад, бояд бурӯнгаро ҳам бошад ва ин ҳамон иқтисоди муқовиматист.
Муҳсини Ризоӣ, номзади дигар низ дар ҷамъбандии матолиби худ дар дувумин мунозира интихоботӣ гуфт, ислоҳ аз даруни қудрат барномаи давлати "иқдому таҳаввул"аст.
Муҳсини Меҳрализода, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, низ дар ҷамъбандии матолиби худ ба мардум гуфт, бо тасмими ҳушмандона, мушорикат дар интихоботро ҷойгузини қаҳр аз сандӯқҳо кунед.
Саидиброҳими Раисӣ, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, низ дар ҷамъбандии матолиби худ гуфт, дар ҷойгоҳи номзади раёсатҷумҳурӣ бояд ҳатман масоил на ба сӯрати калон, балки ба сӯрати иқлимӣ шинохта шавад ва маълум шавад дар ҳар ҳавзае чӣ мушкиле ҳаст ва чӣ роҳи ҳалле дораду қудрат ва тавонӣ бошад, ки масъаларо ҳал кунад.
Саъиди Ҷалилӣ, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, низ гуфт, нақши раисиҷумҳур барои дарки дурусти масъала, ташхиси посух ва интихоби рӯйкарди муносиб бисёр муҳим аст ва бояд дар чаҳор соли оянда кишвар ҷаҳиш пайдо кунад.
Алиризо Зоконӣ, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, дар ҷамъбандии матолиби худ дар дувумин мунозираи интихоботӣ гуфт, мавонеъро аз ҷилави пои ҷавонон аз ҷумлаи он озмун, иштиғол, хона ва издивоҷ бар медорем .
Абдунносир Ҳимматӣ, номзади сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, низ дар ҷамъбандии матолиби худ дар дувумин мунозираи интихоботӣ гуфт, ҳамаи масоилро аз зовияи иқтисод ҳал мекунам.
Бештар бихонед: